Рубрики
Last News

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ БАСКЕТБОЛ БАЙНИ БОНУВОН

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ҶСП ТАКХ “Имон Интернешнал” бахшида ба пешвози ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 – солагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол доир намуд, ки дар он 9 даста иштирок карданд.

Дар мусобиқа дастаи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ сазовори ҷойи аввал гардида, бо диплом ва Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардид.

Дастаи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳо сарфароз шуданд.

Мусобиқаи мазкур аз 12 то 14 апрели соли 2021 дар толори варзишии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон гузаронида шуда, санаи 14 апрел бо иштироки раиси кумиҷроияи шаҳрӣ ва фаъолону ҷонибдорони ҳизб дар ҳамин толор ҷамъбаст гирдид.

Мусобиқаи варзишӣ бо мақсади тағрибу ташвиқи бозии варзишии баскетбол, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дусти байни бонувон баргузор шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *