Бо мақсади иҷрои Фармоиши муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 05.04.2021, таҳти рақами №24 ва барқияи воридотии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 13.04.2021 таҳти рақами №38, ҳамчунин ҷиҳати татбиқи босамару бавусъат ва ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон даври ноҳиявии озмуни “Мо бо Шумоем” байни кӯдакон ва наврасони аз 6 сола то 18 сола дар Хонаи фарҳанги шаҳраки Меҳнатобод баргузор гардид, ки дар он 7 – нафар кӯдакону наврасон аз ҳама ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат намуданд.
Дар оғози озмун директори хонаи фарҳанги шаҳраки Меҳнатобод Беков Ғоибназар баромад намуда, изҳори миннатдории худро ба ташкилкунандагони озмун, ба иштирокчиёни озмун барору комёбиҳои таманно намуда, дар атрофи муҳтавои озмун маълумот дод. Сипас, иштирокчиён аз рӯи номенатсияҳои муқарраргардида яъне, маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, маҳорати сурудхонӣ ва навохтани асбобҳои мусиқӣ баромад намуданд. Тибқи натиҷаи пешниҳоднамудаи хакамон Ҷуманқулов Диёрбек хонандаи синфи 5-и МТМУ №16 -и деҳаи Ҳаёти нав аз рӯи шарти маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии халқӣ, Маҳмудова Шаҳзода истиқоматкунандаи деҳаи Бахт аз рӯи шарти қироати шеър ва Саидҷони Манҷидин хонандаи синфи 10-и МТМУ №12-и шаҳраки Бахт аз рӯи шарти навохтани асбобҳои мусиқии муосир сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар ҷамъбаст Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир баромад намуда, изҳори миннатдории худро ба устодон ва падару модарони иштирокчиёни озмун баён намуд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳия тақдим карда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони Хонаи фарҳанги шаҳраки Меҳнатобод барномаи фарҳангӣ ба самъи иштирокчиён расонида шуд.