Рубрики
Асосӣ

Баргузории чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Президенти мо – ифтихори мо»

Субҳи имрӯз саҳни бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идгоҳеро мемонд. Зеро кормандону устодон ва донишҷӯён барои истиқбол аз Рӯзи Президент сарҷамъ гардида буданд. Чорабинии тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Роҳбари донишгоҳ Шарифзода М.М. иброз дошт, ки мардуми шарафманди кишвар дар мисоли рӯзгори пуртаззоди худ шахсияти наҷотбахш ва нодиреро дарёфт, ки ба шарофати хидматҳои таърихӣ роҳи наҷотро ба даст овард. 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХУI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми сарзамин сиёсатмадори тавонои сатҳи байналмилалӣ, Пешвои асри XXI, парчамбардори нанги миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя намуд, ки аз ҳамин лаҳзаи таърихӣ муҳимтарин иқдомҳои созанда баҳри саодати ояндаи миллат аз лаҳнашон садо дод. Дар ин санаи таърихӣ низоми давлатдории навин, марҳилаи бунёди кохи мӯҳташами истиқлолу ваҳдат ва эҳёи асолати миллӣ оғоз гардида, шоҳроҳи имрӯзу ояндаи миллат ва дурнамои минбаъдаи давлат ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян гардид.

Дар идома, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Муртазохон иштирокчиёни чорабинии тантанавиро ба ифтихори Рӯзи Президент шодбош намуд. Қайд гардид, ки хизмати барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистон он аст, ки ин сиёсатмадори дурандеш дар шароити даҳшатбор давлатдории тоҷикон ва бақои миллатро аз парешониву фаношавӣ ҳифз карда тавонистанд.

Таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар барои таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии Ватан қадамҳои устувор ниҳода, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои нав ба нав комёб мегарданд.

Инчунин, дар чорабинии тантанавӣ чанде аз донишҷӯёни донишгоҳ муҳаббатномаҳои хешро нисбати Сарвари маҳбуби мамлакат баён карданд. Шеъру сурудҳои ватандӯстонаи дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и донишгоҳ ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.

 

 

 

 

 

и ещё 6

3Фирдавсхон Саидов, Фирдавс Салими и ещё 1

Поделились: 2

Нравится

Комментировать

Поделиться

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *