Рубрики
Last News

Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!

Дар ноҳияи Деваштич гуруҳи таблиғотии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, сармуҳаррири рӯзномаи марказии ҳизб «Минбари халқ» Ҳамдамов Бахтиёр, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода ва мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Муҳаммадҷон Вализода ташриф оварда, баҳри тарғибу  ташвиқи барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндангони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Деваштич» №24 – Исмоилиён Комрон Исмоилзода, ки бо қарори конфронси муштараки Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан пешбарӣ гардида буд, бо интихобкунандагони деҳоти Қалъачаи Арбоб, Демнора ва Далёни Поён вохӯриву суҳбатҳо барпо намуданд.

Зимни мулоқотҳои баргузоргардида, доир ба мақсаду маром ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти барномавии номзад ба вакилӣ, ҳамзамон қайд гардид, ки, ҳадафу нақшаҳои ободгаронаву бунёдкоронаи барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2020-2025 таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» таҳия гардидааст, асоси барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилӣ маҳсуб ёфта, баҳри татбиқи бомароми «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» нигаронида шудааст.

Номзад ба вакилӣ муҳтавои барномаи пешазинтихобии худро, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, бо дарки масъулияти баланди ватандўстии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ, баҳри ободӣ ва шукуфоии имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол, зиндагии арзандаи мардуми шўҳратёри кишвар, волоият ва ҳифзи арзишҳои олии инсон манзури интихобкунандагон гардонид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *