Бо мақсади иҷрои дастури Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб дар доираи нақшаи “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ” гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён, “ Обшорон” , литсеи касбӣ- техникии шаҳр боздид намуд.
Аъзоёни гурӯҳ, ки ба он мудирони шӯъбаҳо ва дигар кормандони масъули Кумитаи иҷроия шомиланд, ҳангоми боздид бо роҳандозии кори ҳизбӣ, коргузорӣ, танзими кори дохилиҳизбӣ, ба қайдгирии асноди содиротӣ ва воридотӣ, тартиби қабул ба сафи ҳизб, баҳисобгири аъзоён, беҳдошти кори тарғиботӣ аз ҷониби ҷавонон ва бонувон шинос шуда, барои беҳдошти он маслиҳатҳои судманд доданд.
Тибқи нақша ин гуна боздид ва маслиҳатҳои методӣ давоми “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ” дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ сурат мегирад. Ҳамчунин дар ин ҳафта баргузории машваратҳои омӯзишӣ дар ташкилотҳои ибтидоии пешқадам дар назар дошта шудааст.