Рубрики
Uncategorized

Бахшида ба ҳафтаи “Поси хотир”

Ба  ёд оред, эй  ёрон,

Шаҳидонро!

Шаҳидонеро,дар роҳи Ватан  ҷонро фидо карданд,

Шаҳидонеро, ки бар  паймонанду  аҳди  худ  вафо карданд.

Шаҳидоне,  ки  дайни хешро  бо хун  адо карданд.

Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.

Яке  аз  чунин  инсонҳо бобои  азизи  ман Усмонов  Ҳасанҷон буданд.

Усмонов  Ҳасанҷон  иштирокчии  фаъоли  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ, собиқадори  меҳнат  буда,  дар шаҳри  Ленинобод  дар  оилаи  деҳқон таваллуд шудааст. Аз  соли  1930  то  соли  1934  дар  мактаби  ибтидоӣ  таҳсил  карда, соли  1940  мактаби  миёнаи  нопурраи  №2 совети қишлоқи  Ёваро  бо  баҳои  хубу  аъло  тамом  намудааст.  Соли  1941  курси яксолаи  муаллимтайёркуниро  бомуваффақият  тамоом карда, ба  фаъолияти  меҳнатӣ оғоз  намудааст. Соли  1942  ба хизмат даъват  шудааст.

Ба  майдон  дар  сафи  ҷанговарони  қаҳрамон  рафтӣ,

Даруни оташу  хун  зидди хасми беамон  рафтӣ.

 Дар  давоми  ҷанг  4 бор  ярадор  шудааст.  Аз  ноябри  соли  1942  дар  дивизияи  тирандозии 333-юм миномётчӣ  буд. Сипас  ярадор  шуда,дар  госпитал  табобат гирифта,  рӯзҳои  охирини   ҷанг  дар  дивизияи  тирандозӣ  хизмат  кардааст. Дар  муҳорибаҳои  Сталинград,  дар ҷанги  озодкунии  шаҳрҳои  Белгород, Житомир, Москва,  Сталинград, Курск,  Орёл  ва  Киев,  озодкунии Полша ва  Бреслау  иштирок  намудааст.

Ба  ёд оред, эй  ёрон,

Шаҳидонро!

Шаҳидонеро,дар роҳи Ватан  ҷонро фидо карданд,

Шаҳидонеро, ки бар  паймонанду  аҳди  худ  вафо карданд.

Шаҳидоне,  ки  дайни хешро  бо хун  адо карданд.

Усмонов  Ҳасанҷон  бо ҳамсараш  Шарифова  Назокат соҳиби  7 фарзанд  буданд. 4 писару 3духтар ,  ки  ҳамаи  онҳоро хуб тарбия  намуда,   соҳиби  маълумоти  олӣ  намудааст ва ҳамаи  онҳо   соҳиби  касбу кори гуногун  гардида дар зиндагӣ  мавқеи худро  пайдо  намуданд.

Гар  ту  хоҳӣ  зинда  бошӣ  солҳои  бешумор,

Умр  бинӣ ҷовидонӣ  то  ҷаҳон  дорад  бақо.

Аз  таҳи  дил  хизмати халқу диёри  хеш  кун,

Сабт  кун  номат  ба қалби  мардумони  бовафо.

Бигзор  сарзамини  Тоҷикистон,  ки  воқеан  биҳишти  рӯйи  заминро  мемонад, сарзамини  сулҳу  суботи абадӣ  бошад. Чи хеле ки  таърих  гувоҳ  аст,  миллати  тоҷик  аз  азал  талабгори  сулҳу  ваҳдат  ва  шукуфоии кишвар  аст.

Бояд насли муосир ҳақиқати он рӯзҳои мудҳишро дарк намуда, ба қадри корнамоии падарону бобоёни худ бирасад, дар пайравии онҳо мушкилнописанд гардад. Ба ҷавонон доимо талқин кардани шуҷоату матонати ин насли қаҳрамон ҳаргиз аз аҳамият холӣ нест.

 Зиндаю ҷовид  монд ҳар, ки  накӯном  зист,

К-аз  ақибаш  зикри  хайр,  зинда  кунад  номро.

Негматҷонова  Саёҳат – яке  аз  наберагони  Усмонов  Ҳасанҷон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *