Рубрики
Асосӣ

БАҲСИ МЕХАНИЗМҲОИ ДУРУСТИ КОРӢ ДАР ИДОМАИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ

Идомаи курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мавсуф дар мавзуи “Механизмҳои дурусти корӣ – асоси муваффақияти фаъолияти идеологӣ” суҳбат намуд. Ӯ аз ҷумла, изҳор дошт, ки мақсад ва принсипҳои сиёсати давлатии ҷавонон ҷанбаҳои муайяни идеологияро, чун ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, ташкили имкониятҳои васеъ барои интихоби роҳи ҳаёт, иштироки бевоситаи ҷавонон дар раванди ташаккулу татбиқи сиёсат ва ғайра фаро мегирад. Дар ин радиф ёдовар шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун василаи таъсиррасони иттилоот усулҳои гуногуни маълумотнокгардонӣ ба монанди марказҳои ҷавонон, муассисаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ва намояндагӣ дар ВАО-ро соҳиб мебошад.

Мавсуф ҳамзамон, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри тақвияти ҳисси худшиносиву ватандорӣ дар барномаи амали ҳизб масъалаи ташаккули маърифати миллӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷавононро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Сипас, маърузаи Асрор Латифзода муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзуи “Ташкилоти ибтидоӣ-асоси ҳизб”, ба самъи ҳозирин расонида шуд. Асрор Латифзода дар баромади худ ёдовар шуд, ки усули имрӯзаи кори ҳизбӣ такмил ва таҳкими василаҳои идоракуниро талаб намуда, иқтидори зеҳнию амалии сохторҳои ҳизбӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои идеологӣ тақвит ёфтаанд. Дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи муосир механизмҳои нав, инноватсионӣ ва пешрафта, технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолият татбиқ гардидаанд.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо миёни иштирокдорони курси бозомӯзӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои алоҳида бо иштирокчиён саволу ҷавоб намуд. Дар зимн, раисони кумитаҳои иҷроия вазифадор шуданд, ки дар оянда низ беш аз ҳарвақта санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ҳизбро ба асос ва роҳбарӣ гирифта, баъзе камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти кор бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ислоҳ намоянд.

Қайд кардан бамаварид аст, ки дар доираи курси бозомӯзӣ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Бинобар ин, дар поёни рӯз, барномаи рангини фарҳангии устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов пешкаши иштирокдорони курси омӯзишӣ гардонида шуд, ки басо рангину хотирмон буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *