Рубрики
Uncategorized

Ба зебониён дар бораи Паём

          Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ин навбат аз деҳаи Зебони ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан боздид намуд.

          Дар сӯҳбат бо сокинони деҳа муовини раиси Кумиҷроия Парвина Тошева, мудирони шӯъбаҳо Бурсибой Лутфуллоев, Мавлуда Тоҷиева, Қобилҷон Ҷалолов мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро ба ҳозирин фаҳмонида, ҳамчунин таваҷҷӯҳи онҳоро ба риояи қонуни миллии “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, истифодаи босамари ҳар порча замин, дар доираи омодагиҳо ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу зебо намудани маҳали зист ҷалб намуданд. Таъкид шуд, ки дар айёми болоравии нархҳо  бо рӯёнидани ҳосили фаровон, роҳандозии кишти такрорӣ таъсири онро ба буҷети оилаҳо кам кардан мумкин аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *