Рубрики
Last News

Ба истифода додани Кӯдакистони “30-солагии Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд

10 апрел дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Кӯдакистони “30-солагии Истиқлол»-ро ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 1 га бунёд ва азнавсозӣ гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Кӯдакистони “30 – солагии Истиқлоли” шаҳри Хуҷанд дорои 14 гурӯҳ буда, имкон дорад 400 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ 60 нафар мутахассисону мураббиён имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ, ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шаванд.

Кӯдакистони мазкур дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеъи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анборҳои маводи хӯрока барои сабзавоту ғалладона мебошад.

Инчунин дар саҳни ҳавлии кӯдакистон 7 айвонча, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, ду ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст. Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, дар кӯдакистони замонавӣ, ба корҳои азнавсозӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии муосирро тӯҳфаи арзандаи Ҳукумати Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипсу миннатдорӣ намуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои тарбияи кӯдакон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва аз барнамудану омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.

Дар кӯдакистони “30-солагии Истиқлол” аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25481

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *