Рубрики
Last News

Ба истифода додани Маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамчунин дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино”-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти муосир аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст – Иномҷон Тоҷибоев, Абдусалом Раҳимов ва Равза Мирзоева бунёд гардидааст.

Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир боз 40 чойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2015 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи апрели соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расид.

Иншоот бо тарҳу усули муосир дар масоҳати умумии 2618 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду бинои чорошёна ва таҳхона иборат мебошад. Барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ, ки аз давлатҳои Туркия Ҳиндустон ва Чин дастрас гардидаанд, насбу васл гардидааст ва марказ дорои лабаратория ва 30 ҳуҷраи хоби беморон бо 60 кат барои беморон мебошад.

Дар ошёнаҳои бинои маркази мазкур 22-ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла утоқи бақайдгирӣ, гушаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, ҳуҷраи гӯшу гулуву бинӣ, асабшинос, бемориҳои даруна, табобати дандон ва урологӣ ҷойгир мебошад.

Маркази ташхисиву табобатии “Тибби Сино” ҳамчунин дорои Шӯъбаи дилу рагҳо, шӯъбаи бемориҳои занона ва даруна, шӯъбаи асаб ва шӯъбаи ҷарроҳӣ буда, дар он яке аз амалиётҳои нозуку мураккаб – ҷарроҳии гирифтани чурраи байнимуҳрагӣ ба таври эндоҷарроҳӣ гузаронида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоии иншооти мазкур баҳри ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ ба табибон ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25427

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *