Рубрики
Асосӣ Мақола

Ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

АНДЕША: Пешвои халқ будан, орзуи ҳар инсон аст. Аммо на ба ҳар кас тай кардани ин роҳи душвору хатарнок муяссар мегардад. Барои расидан ба ин мақоми олӣ донишу заковат, қавииродагиву ҷасорат ва мардонагӣ мебояд. Танҳо шахсиятҳои бофазлу боирода ва худогоҳ ба ин мартаба мерасанд.

Ҳамасола 16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.

Ба таври расмӣ Рӯзи Президент бо қарори Маҷлиси Олии мамлакат 15 апрели соли 2016 таъсис дода шуд. Инак, соли шашум аст Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳадаф аз таъсис ва таҷлили Рӯзи Президент – арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Тоҷикистон ва мардуми он аст.

6 ноябри соли 1994 нахустин бор дар таърихи кишварамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва худи ҳамон сол интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо касби аксари овозҳо ғолиб баромаданд ва маҳз 16 ноябри ҳамон сол чун Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуданд.

Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30- соли Истиқлолият ба яке аз кишварҳои пешрафта дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Маҳз ин ҳама кӯшишу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба даст овардани “Истиқлолияти энергетикӣ ” дастоварди бузург барои миллати мо ба шумор меравад.

Барқарор гардонидани сулҳу ваҳдати миллӣ, ташкили давлати мустақил, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат –Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президент дар радифи ҷисму ҷон дӯст дорем. Бо роҳи созандагӣ қадам задани мардуми сарбаланди кишвар далели корнамоии Пешвои миллат аст.

ГАДОЕВ МАНУЧЕХР

Истаравшан

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *