Рубрики
Last News

БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ МАЙЛУ РАҒБАТ ДОРАНД

Бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани Солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ташаббуси аъзоёни фаъоли ҳизбӣ, омӯзгорони фанни алгебра дар байни аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и МТМУ №17-и деҳаи Шамтуч, МТМУ №37-и Зарафшон -2 ҳафтаи фанни математика доир карда шуд. Дар чорабинӣ хонандагон бо маводҳои таҳлилӣ ва аёниятҳо баромад намуда, истеъдоду маҳорати худро нишон доданд.

Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ зимни суҳбати масъулони кумиҷроия баён намуданд, ки бо ҷалби омӯзгорони варзида ва ботаҷриба гузаронидани ҳафтаҳои фанҳои математика, физика, химия ва ташкил намудани дарсҳои иловагию корҳои лабораторӣ ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи дониши хонандагон баргузор гардида, барои шинохти истеъдодҳо ва ба ин восита дар оянда муайян намудани захираҳои зеҳнӣ мусоидат менамояд.

Мавриди қайд аст, ки ҳафтаҳои фаннӣ дар байни хонандагони дигар муассисаҳои таълимии ноҳия бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *