Рубрики
Last News

БА ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР НАЗДИ МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НОҲИЯИ АШТ РОҲБАРИ НАВ ИНТИХОБ ГАРДИД

Бинобар сабаби собиқ раиси ташкилоти ибтидои мазкур Имомназаров Шуҳратҷон ба кори дигар гузаштанаш Турдалиев Қурбоналӣ раиси нави ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Маркази саломатии ноҳияи Ашт интихоб карда шуд.Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода ва раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроия Мӯътабар Мадаминова оид ба ҳадафҳои созанда ва Барномаи ҲХДТ, вусъат бахшидан ба фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ суханрони намуда, ҳамзамон дар бораи пешгирии бемории сироятии КОВИД-19, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози ақида намуданд. Сипас ба роҳбари нави ташкилоти ибтидоии ҳизб дар иҷрои вазифаи пурмасъул муваффақиятщо таманно намуданд. Пас аз анҷоми маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Хушнуд Каримзода аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур дидан намуда, баҳри рафти камбудиҳои ҷойдошта маслиҳадҳои муфид дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *