Рубрики
Асосӣ

БА ҚАДРИ СУЛҲУ СУБОТ БОЯД РАСЕМ!

(Бахшида ба 30солагии Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан падидаи муҳимтарини таърихи навини кишвар аст. Зеро он боиси гирифтани пеши роҳи нобудшавии кишвар, оғози ба эътидол овардани раванди сиёсӣ ва муайян намудани самтҳои инкишофи стратегии мамлакат гардид.  Тоҷикистон тавонист роҳу воситаҳои зарурии аз муқовимат баромаданро дарёбад ва ваҳдату якпорчагии кишварро таъмин намояд. Сипас масъалаи таъмини ваҳдати ҷомеа пеш омад. Ин самти вазифаҳо бештар мушкилтар буда, заҳмати зиёди на танҳо Ҳукумат, балки тамоми бошандагони кишвар ва махсусан, аҳли фарҳангро талаб менамуд. Марди дар ҳақиқат қавиирода, дустдори Ватани хеш Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил ва ҳассосу ноором, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд. Дар нахустин баромади худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд:

 “Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард”.

  Ӯ бо иродаи қавӣ ва нияти нек халқро бовар кунонд, ки дар Тоҷикистони азиз сулҳ ва оромиро пурра пойдор мегардонад. Ин суханҳо дар қалби мардуми тоҷик ҷой гирифт. Он нишона аз боварии мардум ба Сарвари давлат ва роҳбарияти кишвар буд.

 Имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хирадмандона ва оқилонаро пеш гирифта, баҳри татбиқи  он дар ҷаҳони муттамаддин устуворона ва бо нерӯи қавию созанда қадам мезанад. Оромию суботи кишвар, таҳкими амнияти миллӣ, оромию тинҷии халқ, созандагию бунёдкорӣ, расидан ба ормонҳои олии миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мақсаду мароми аввалиндараҷаи давлату ҳукумат маҳсуб меёбанд.

 Дар Тоҷикистон бо пешрафти ҷомеа ва рушди тамоми соҳаҳои маорифу фарҳанг, илму техника, иҷтимоиёту иқтисодиёт, тандурустиву хоҷагии қишлоқ, тафаккури зеҳнию маърифатӣ ва маънавиёти мардум боло меравад. Халқ ба давлату ҳукумат, хосса Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дурандешонаву оқилонаи ӯ эътимод ва боварии комил дорад. Умед ва боварии халқ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон торафт қавитар мегардад. Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузаштаи худ сабақ бигирем ва барои пойдории ваҳдати комили миллӣ пайваста талош варзем.

 Бояд  ҳар як фарди хештаншиносу худогоҳ масъулияти бештарро дарк намуда, дар роҳи бунёдкориву нигоҳдории истиқлолияту ваҳдати кишвар саҳми назарраси худро гузорад. 

Ҳоҷиев Фирӯз- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *