Рубрики
Last News

Ба ҷавонон дар бораи Паём

         Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тибқи нақша силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳоро ҷиҳати шарҳу тавзеҳи мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат роҳандозӣ намудааст.

           Яке аз  чунин мулоқотҳо  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ва кормандони масъули Кумиҷроия бо омӯзгорон ва хонандагони зинаи сеюми таҳсили  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ҷамоати деҳоти Саразм баргузор шуд.

         Мурод Шукурзода нуктаҳои асосии Паёмро оид ба вазифаҳо ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ шарҳ дод.

         Мудири шӯъбаи кор бо занон Мавлуда Тоҷиева ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумиҷроия Қобилҷон Ҷалолов таваҷҷӯҳи ҷавонписарон ва духтаронро ба донишандӯзӣ, дурӣ ҷустан аз амалҳои номатлуб, иштирок дар озмунҳои фаннӣ, омода шудан ба интихоби касб ва дигар масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷавонон ҷалб намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *