Рубрики
Асосӣ Мақола

Биёед, ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем!

Воқеаҳое, ки дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон рух дод, ягон нафар аз мардумони кишварро бетараф гузошта наметавонад.

Амали ночавонмардонаи гурӯҳе аз хиёнатпешагони Ватани амну ором, ки чанде пеш порае аз хоки муқаддаси кишвари соҳибистиқлолу рӯ ба пешрафту тараққиёт ниҳодаи моро ноором сохт, ҳар нафарро ба андеша кардан водор месозад. Пеш аз ҳама, мо бояд шукрона намоем, ки дар Ватани амну ором зиндагӣ дорем. Шукргузор бояд буд, ки бархе аз мардумони кишварҳои ҷангзадаву ба харобазор табдилёфта ҳаёти орому осудаи моро орзу доранд. Ин оромиву субот моро осон ба даст наомадааст. Баҳри фазои сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор кардан дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта  фарзонафарзандони миллат чӣ қадар ҷоннисориҳо кардаву ҷони хешро бохтаанд.

Таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба озодиву амонӣ расидем. Имрӯзҳо душманони дохиливу хориҷии кишвари мо ин ҳамаро дида натавониста, бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пайваста мардуми моро гумроҳ кардан мехоҳанд. Онҳо кишварро ноором сохтан хоста, манфиату ғаразҳои хешро бо ин восита амалӣ кардан мехоҳанд.

Мисоли ин, воқеаи ғайриинтизоре, ки дар Бадахшон рух дод ва ин амали нангини ноҷавонмардонаи хиёнатпешагон моро бетараф гузошта наметавонад. Мо чунин амалҳои ғайриинсониву террористиро, ки нисбат ба Ватан-Модар анҷом доданд, маҳкум менамоем.

Гуфтан ҷоиз аст, ки мо нисбати мардуми сарбаланди Бадахшон самимияту эҳтироми хос дорем. Онҳо инсонҳои равшанфикру донишманд, бохираду заковатманд мебошанд. Он амалҳои ғайриқонуние, ки дар он гӯшаи зебоманзари мамлакат ба вуқуъ пайваст, ба онҳо рабте надорад.

Ин порае аз хоки муқаддаси кишварро як гурӯҳи ҷиноятпешаву манфиатҷӯ ноором сохтанд, ки онҳо бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамкорӣ доштанд. Чӣ тавре ки мегӯянд: “чоҳкан зери чоҳ”. Хушбахтона, аз ҷониби мақомотҳои дахлдор амалиёти зиддитеррористӣ анҷом дода шуда, саркардаи гурӯҳ Муҳаммадбоқии разил нобуд карда шуд.

Имрӯз Бадахшони Кӯҳӣ орому осуда аст ва мардумонаш дар фазои амну оромӣ пайи кору рӯзгори хешанд.

Мо бояд ҳамеша ин оромиву суботи мамлакатро чун гавҳараки чашм дар фазои якдиливу бародариву дӯстӣ, ҳамдиливу ҳамраъйӣ ва муттаҳидиву спрҷамъӣ ҳифзу ҳифозат намоем.

Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки авзои ҷаҳон хеле муташанниҷ аст ва дар олам беҳтару қимматтар аз сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ чизи дигаре несту нахоҳад буд.

Дастаҷамъона ба муқобили терроризму террористон бояд бархост ва онҳоро маҳкум бояд кард ва гуфт, ки нест бод терроризм ва террорист!

Поянда бод сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз!

Бояд ҳамеша ба қадри сулҳу ваҳдати пойдор бирасем, ки он асоси хушбахтиву хушрӯзии мову фарзандони мост!

Асоси ободиву шукуфоии давлати соҳибистиқлоли мост!

Моҳира Раҳимзода,

котиби масъули нашрияи”Сухани халқ”-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *