Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-уми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Сирдарё” шаҳри Гулистон мизи мудаввар таҳти унвони “Душанбе –хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон” доир гардид.
Зимни чорабинии мазкур бо муҳассилини муассиса дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сӯҳбати озод доир гардида, муҳассилини дар васфи Душанбе шеърҳо қироат намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ оид ба эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод 2021» маълумоти мухтасар дода шуд.