Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Шарти нахустини тарбияи фарзанди солеҳ

      Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Чордара”оиди ин мавзӯъ бо иштироки мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо занону духтарон мулоқот доир гардид.

    Дар рафти мулоқот қайд гардид, ки  оила ҷомеаи кӯчак дар ҷомеаи бузург аст ва он бояд дар пояи ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббат бунёд шавад. Мо ҳамсар интихоб мекунем , то оила, яъне қалъае барои саодати хеш ва фарзандони ояндаамон бисозем.Бисёр таассуфовар аст, ки оилаҳои ҷавон аз надонистани рӯзгордорӣ, ба ҷо наовардани ҳурмати якдигар аз ҳам ҷудо мешаванд. Духтаракон, ки хеле ҷавон хонадор кардамешаванд, барои ташкил кардани оила тайёр нестанд.Ҷавонони аз пастиву баландии рӯзгор ноогоҳ низ барои оиладорӣ омода нестанд, чунки аксарият танҳо ба хотири озод шудан аз хизмати ҳарбӣ хеле барвақт хонадор карда мешаванд.Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои асосии ҷудоӣ байни зану шавҳар никоҳи бармаҳал ва таҷрибаи зиндагӣ надоштани ҷавонон, ҷоҳилии шавҳар, аз маърифати оиладорӣ огоҳ набудани зан, инчунин,дахолати ноҷои волидону калонсолон мебошад.

   Зиндагӣ ин занҷири мушкиливу муваффақиятҳост. Бинобар ин роҳи ҳаёти инсонҳо низ тахту ҳамвор нест.Маърифатнокии аъзои оила, иродаи қавии онҳо дар самти ҳалли мушкилиҳо омили муҳими пойдорию устувории оилаи онҳо мебошад. Ҳар як узви оила бояд дарк карда тавонад, ки барои якдигар азизанд ва ягон мушкиливу камбудии рӯзгор набояд боиси халалдории муносибатҳои самимона ва муҳаббату садоқати онҳо гардад. Хонавайронӣ фоҷиаи волидайн асту марги давомноки волидон.

   Агар бо ақлу хирад ба зиндагиномаи хеш бингарем,тамоми ҷаҳду талоши мо баҳри фарзандон аст,бинобар ин дар зиндагӣ бояд сабру таҳаммулро пеша намуд ва барои ҳаёти осоиштаву саодатмандии кӯдаконамон бояд талош варзид. Дар сурати якҷо будани волидон кӯдакон ба тарбияи ҳаматарафа фаро гирифта мешаванд, зеро фарзанди инсон бе меҳри модару сиёсати падар тарбияи комил намегирад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки коршиносон муайян кардаанд, ки омили муҳим ва ошкори вайроншавии ахлоқи наврасон ва содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон носолимии оилаҳо мебошад. Кӯдак а он чизе тақлид мекунад, ки дар хонааш мебинад. Ҷанҷолҳои оилавӣ фоҷиаи имрӯзу фардои кӯдакон аст, имрӯз ӯ шоҳиди ҷангу хархашаи шахсони барояш мӯътабар – падару модараш аст,фардо бошад маҳрумиятҳо вайро интизор аст. Муҳаббате, ки муҳити солими оилавӣ ба тифл дода метавонад, ягон ҷойи дигар дода наметавонад.Маҳз аз ҳамин сабаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуданд, ки “шарти нахустини тарбияи фарзанди солеҳ мавҷудияти сафою покизагӣ , раҳму шафқат ва дӯстиву дӯстдорӣ миёни падару модар ва муҳити хонавода мебошад”.

  Бигузор чароғи муҳаббату садоқат дар ҳар оилаи тоҷик фурӯзону сарҷамъию ҳамдигарфаҳмӣ пойдор бошад.Худо кунад, ки ҳар як тифли тоҷик дар муҳити солими оилавӣ, дар иҳотаи муҳаббату самимият , дар доираи волои арзишҳои инсонӣ тарбия гираду ҳамчун шахси худшиносу худогоҳ ба воя расад.

  Инчунин, дар охири мулоқот ба якчанд нафар занон, ки нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *