Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: “Аз инсони озод то истиқболи миллат”

Дар доираи роҳандозии чорабиниҳои сиёсиву адабӣ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатӣ” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58  чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Аз инсони озод то истиқболи миллат” бо иштироки намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва муовини раиси ҷамоати шаҳраки Ғафуров Полвонова Ш баргузор гардид. Сараввал сарвари муассиса меҳмононро муаррифӣ намуда, сониян аз ҷониби устодон ва хонандагон баромадҳои пурмуҳтаво ироа гардида, аҳамияти таърихии парчамро баён доштанд.

Сипас, дар қисмати адабӣ хонандагон бо суруду рақс ва бахшҳои дилнишин баромад намуданд, ки ба чорабинӣ ҳусни дигаре зам намуд.

Дар навбати худ намояндаи кумиҷроияи ноҳиявӣ суханронӣ намуда, ҳамагонро аз номи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки парчам ифтихор ва сарбаландии миллат ва муқаддасоти кишвар ба ҳисоб меравад ва ҳар як фарди ватандӯст бояд, ин муқаддасоти Ватани азизро ҳифз намуда, саҳми арзандаи худро дар пешрафт ва ободии Ватани худ гузошта тавонад. 

Дар интиҳо муовини раиси ҷамоати шаҳраки Ғафуров баромад намуда, ба иштирокчиён ва ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори сипос намуда, ба хонандагону омӯзгорон ба кору фаъолият, хонданҳои ояндаашон барору комёбиҳо таманно намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *