Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: АКСИЯИ ТАРҒИБОТИИ ВИЛОЯТӢ: “РОҲНАМОИ МО ПАЁМИ ПЕШВО”

Санаи 9-уми феврали соли 2024 дар асоси барқияи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти №11 аз санаи 07.02.2024 бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз санаи 28.12.2023   аксияи тарғиботии вилоятӣ таҳти унвони “Роҳнамои мо паёми Пешво” баргузор гардид.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави сиёсии замони истиқлол буда, санади сарнавиштсоз, раҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, нақшаву барномаҳои рушди устувори минбаъдаи онро дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаро мегирад.

Ҳадафи асосии аксияи мазкур тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар рафти аксия ба сокинон варақаҳои тарғиботи аз тарафи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақсим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *