Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: АКСИЯ ФЛЕШМОБ: ПРЕЗИДЕНТ МАН– ИФТИХОРИ МАН!

Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 –солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барқияи электронии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи флешмоб таҳти унвони “Президент ман – ифтихори ман!” доир гардид.

Дар аксияи мазкур аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ширкат варзида сокинонро бо ин ҷашнҳои муқаддас табрик намуда, варақаҳои табрикотӣ ва муроҷиатномаи иштирокчиёни Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Заминаи таҳким ва рушди асосҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тақсим намуданд.

Инчунин сокинони ноҳия дар аксия флешмоб  таҳти унвони “Президент ман– ифтихори ман!” ширкат варзида, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси худро  расониданд.

Мақсад аз ташкил ва баргузории аксия ин арҷ гузоштан ба заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷавонон бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором ва ободу зебо, бо эҳсоси баланди меҳанпарастӣ ва садоқат ба Пешвои миллат дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *