Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Андеша:Шукронаи тинҷию осудагӣ

Имрӯзҳо бо баробари мушоҳида намудани корҳои ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон  Тоҷикистон ба назар мерасад, ки чи тавр Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу зебо ва рӯз аз рӯз гулгуншукуфон гардида истодааст. Намунаи олии ҳамаи ободиҳо пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мебошад, ки симояшро на ба солу на ба моҳ балки соат ба соат обод шуда истодааст. Имрузҳо мардуми кишвар дар амнияту тинҷӣ ва сулҳу субот истиқомат намуда инчунин дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиёти ватанамон пешравию дигаргунии кулли руй дода истодааст.

Халқи шарифи Тоҷикистон чунин Пешвои одилу тавоно ва  маҳбуби халқ дорад, ки хизматҳои ин шахси бузург ҳазорсолаҳо фаромӯш намешаванд ва дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои тиллоӣ дарҷ хоҳад шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои 90-уми асри гузашта аз вартаи ҷангу хунрезӣ раҳо намуда, мурдуми шарифи онро ба зиндагии орому осуда ва  тараққиёту фардои нек муваффақ гардонид.

Аммо мутаассифона дар хориҷи кишвар то ҳол баъзе инсонҳои ношукр, ватанфурӯшу хиёнаткор, бадхоҳу ҷангҷӯй, ки ҳамаи онҳо аъзоёни ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати ислом, гуруҳи 24 ва паймони миллии тоҷикон мебошанд вуҷуд доранд, ки ин ҳама амну субботу пешравию хушҳолии мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифта, боз мехоҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноамнию бесуботи ва дар байни халқи азизамон тухми нифоқ ва кинаву адоват ҷорӣ  шавад. Аммо ин бадбахтҳо бехабаранд, ки дар сурати ба вуҷуд омадани нооромию бесуботӣ мардум ба мушкилотҳои зиёд ва гуруснагию саргардонӣ мувоҷеҳ мешаванд. Ва

якбор миллат чунин ҷангҳоро дар солҳои наваддум,ки маҳз бо ибтикор ва дастгирии роҳбарону аъзоёни ТЭТҲНИ ташкил шуда буд, аз сар гузаронид. Алҳол дар тамоми минтақаи кишвар имрӯз сулҳу амният пойдор аст ва ин неъмати бебаҳост. Роҳҳо байни ҳамаи манотиқи кишвар тамоми фасли сол кушода буда, корхонаҳою фабрикаҳои саноатӣ кор карда истодаанд. Аз ин рӯ мо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шукргузорӣ аз неъматҳои бузурге,ки дар 30 соли Истиқлолият бо хидматҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат ба даст омаданд, амалҳои разилонаву хиёнаткоронаи Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддини Кабутӣ ва дигар ҳаммаслаконашро маҳкум менамоем. Бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба қадри сулҳу субот, дастовардҳои даврони истиқлоли кишвар ва хидматҳои шоҳистаи Пешвои миллат бирасанд.

 Ҳакимов Ҳ.А.-аъзои фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *