Ватан-Модар барои ҳар як инсон чизи қимматтарин ва ноёфт ба ҳисоб меравад. Ҳар даме, ки мо Ватан мегӯем ва дар васфи он сухан мегӯем, пеши назарамон диёри сарсабз, хурраму обод ҷилвагар мешавад, ки ин диёри арҷманд – Тоҷикистон ном дорад.
Барои ободиву оромӣ, ҳифзи нигаҳбонии он сарбози ватан, ҳомиёни марзу буми кишвар ҷонфидоиву хизмати ббузург мекунанд.
Хизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст. Хизмат ба Ватану халқ қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат аст. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозаш фахр мекунад. Ба сарбозон се чизи аз ҳама муҳимро бовар кардаанд: Ватанро аз бегонагон муҳофизат кардан, модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан ва дар ҷаҳон сулҳро пойдор намудан.
Мусаллам аст, ки бузургии ҳар як давлат аз ҳастии он вобаста аст. З-ин рӯ вазифаи ҳар як сарбоз посбонӣ намудани марзу буми кишвари азизи худ аст.
Чи хеле ки Асосгуззори сулҳу ваҳдати миллӣ , Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки шоистаи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ шинохта мешавад.”
З-ин сабаб бояд ҳар як ҷавони бонангу ватандӯст, бояд донад, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бовиҷдон ҳам қарзу ҳам фарз аст.