Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Артиши миллӣ – бақои истиқлоли давлатӣ

    Бахшида ба 29 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии       Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагулистон” бо иштироки мудири шуъбаи занони  кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон, намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М, раиси ташкилоти ибтидоӣ Назаров Н , иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва як нафар сарбозе, дар сафи Артиши миллӣ хизмат карда истодааст, чорабинии идона  баргузор гардид.

   Дар рафти чорабинӣ аз тарафи баромадчиён таъкид гардид, ки имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо  саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад.

   Сипас аз тарафи хонандагон қисми фарҳангии чорабинӣ  омода ва  пешкаши  иштирокчиён гардид.

        Дар охир ба якчанд нафар фаъолон “Сипоснома” ва ба ҷанговарони интернатсионалист туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *