Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Аёдати солинавӣ

Санаи 30-декабри соли равон дар асоси ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакили маҷлиси халқии вилоятию ноҳиявӣ – Бобоев Маҳмудҷон бахшида ба Соли нави мелодӣ, якчанд оилаҳои ниёзманд, шахсони яккаву танҳо ва бесаробонмонда аёдат карда шуда, бо маҳсулотҳои хӯрока ва тӯҳфаҳои солинавӣ қадрдонӣ шуданд. Сиёсати иҷтимоӣ қабл аз ҳама ба беҳбудии рӯзгори ашхоси яккаву танҳо, бесаробонмонда ва ниёзманд нигаронида шуда, ҳамеша зери ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ қарор дода мешавад.

Шахсони аёдатшуда аз чунин иқдоми нек хушнуд гардида, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷӯҳи ҳамаҷониба ба табақаи ниёзманди ҷомеа изҳор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *