Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Аёдат бахшида ба ҷашнҳои бузурги миллат

     Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.

    Таҷрибаи собиқадорон, зиндагиву фаъолияти онҳо барои мардум ва хусусан барои насли ҷавони кишвар сабақи нодир аст. Пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта  давлати сари мо мебошанд, ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо тавонем ҳарчи бисёртар ғамхорӣ кунем.

      КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба муносибати таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳоли якчанд нафар шахсони ниёзманду  маъюб дидан намуда, ба онҳо маводҳои хӯрокаи рӯзмарра дастрас намуданд. Ҳамчунин Раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Анварзода А якчанд нафар собиқадорони ҳизбро низ аёдат карда, онҳоро ба муносибати таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, саҳми онҳоро дар баҳри ободии Ватан, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб хеле назаррас арзёбӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *