Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад

Таҳти ин унвон бо мақсади пешгириии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро масъулини кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Исфисор мулоқот доир намуданд. Дар рафти суҳбат таъкид гардид, ки терроризм ва экстремизм ба масоили доғи ҷомеаи муосир табдил ёфта, боиси ташвиши сокинони сайёра шудааст. Дар ягон давру замон оммаи мардум ва шаҳрвандони ҷаҳон онро дастгирӣ накардаанд ва намекунанд. Ин бадхоҳон ҳеҷ ба мақсад нахоҳанд расид. Аммо барои ба мақсад нарасидани ин бадхоҳон мо мардуми сарбаланди тоҷик бояд дастаҷамъона мубориза барем.Дар ҳамин сурат мо метавонем сади роҳи пешгирии ин вабои аср дар миёни ҷавонону наврасон гардем ва дар кишвари азизамон зиндагонии осоишта дошта бошем.Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музаффариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *