Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санаи 07.06.2022 дар кумитаи иҷроияи ибтидоии минтақаи “Ёва” конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии кумитаи иҷроияи ибтидоии минтақаи “Ёва” Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон иштирок ва баромад намуданд.
Дар конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии кумитаи иҷроияи ибтидоии минтақаи “Ёва” масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт:
1. Ҳисоботи кумитаи иҷроияи ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи октябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда.
2. Интихоби раёсат ва раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ.
3. Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
4. Масъалаҳои ҷорӣ
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Холматова Раъно баромад намуд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис «Интихоби раёсат ва раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ» намояндаи кумиҷроияи ноҳиявӣ ва аъзоёни раёсат таклиф намуданд, ки Қаҳорзода Далер – раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар минтақаи “Ёва” интихоб карда шуд.
Инчунин собиқадори ҳизб, раиси Шӯрои муросои ҷамоат Қосимова Шоира ва раиси маҳалла Ғаффоров А ба музокира баромаданд.
Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида, маҷлиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ қарорҳои дахлдорро қабул намуд.
Дар охир барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани обрӯву нуфузи ҳизб байни ҷомеъа ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ якчанд нафар аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонида шуданд ва ба якчанд аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.