Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ҳамин мехоҳам дар бораи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сухан ронам.
Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодаи оилаи деҳқон буда, баъди хатми мактаб ва адои хизмати ҳарбӣ ҳаёти худро ба меҳнати созанда пайвастааст. Ҳамчун хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи хоҷагиву ҳизбӣ фаъолият кардааст. Ҳамчун вакили Шӯроӣ Олӣ бо дониши амиқ, мардонагиву далерӣ соҳиби обрӯву эътибори мардум гаштааст.
Дар солҳои кашмакашиҳои сиёсӣ сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари комиҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб шуда, бо ҷасурию меҳнати ҳалол тавонистааст ҳаёти вилоятро ба эътидол оварад ва дар дили мардум ба ояндаи неки кишвар боварӣ бедор намояд. Ӯ бештар миёни аҳолӣ гашта, бо ҳаёти халқ бохабар мешуд, арзу шикоятҳоро шунида, мушкилашонро ҳал мекард, аз ягон намуди кор рӯй наметофт. Дар он давраи мураккаб ҳатто душманони ашаддӣ аз нотарсиву қавииродагии ӯ қоил буданд.
Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳама шукр гӯем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо марду сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад.
Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард. Барои иҷрои ин мақсадҳо ӯ тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Барои ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлолияти давлати миллии мо меҳисобанд. Маҳз тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Бо ташаббуси ӯ соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси Олӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд. Ӯ аз рӯзи аввал ҳамчун сардори давлат қавл дод, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳад, халқу кишварро соҳибӣ карда, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунад. Президенти мо ба қавлаш вафо карда, фирориёнро ба Ватан баргардонид, бо кӯшишу заҳматҳо 27-уми июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд ва ба ҷанг хотима гузошт. Бо кӯшиши пайвастаи ӯ халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги кӯҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд. Барои инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ шароитҳо фарохам оварда шуд. Маҳз тавассути талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохтанашаванда тағйир дод. Бо назардошти хамаи инҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 11-уми декабри соли 1999 барои хизматҳои бузургаш дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷастааш дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарафроз гардонид.
Мо эътимоди комил дорем, ки кормандони соҳаи маориф, ҷавонони бо ору номуси кишвар ва донишҷӯён бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, хониши аълову интизоми намунавӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳм хоҳанд гузошт.