Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли кишвар

                Андеша: Истиқлол ормони миллии ҳар миллати озодандеш аст, ки таърих ва тамаддуни қадима дорад. Агар имрӯз мо ба таърих назар афканем, миллати мо воқеан ҳам ба тамаддуни ҷаҳонӣ мероси гаронбаҳо ва чеҳраҳоеро, ки дар пешравии ин тамаддуни башарӣ саҳми бузург доранд, тақдим намудааст.

           Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон гуфтаанд, “Ҳарчанд ки мардуми мо баъди расидан ба ин рӯзи босаодат, яъне истиқлолу озодӣ ба имтиҳони бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале ба шарофати хиради азалии худ ба аҳли башар исбот намуданд, ки метавонанд таҳти парчами истиқлол ва соҳибихтиёрии миллӣ сарҷамъ гардида, давлати худро соҳибӣ намоянд ва Ватани хешро бо заҳмати содиқона ободу зебо гардонанд.”

          Имрӯзҳо ватани азизи мо ба сифати як кишвари соҳибистиқлол  дар доираи созмону паймонаҳои байналмиллалӣ фаъолияти густурда дорад ва дар мушкилоти на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ саҳми арзишманд мегузорад. Мо бо тамоми кишварҳои ҷаҳон равобити мустақим дорем.

         Тоҷикистон хонаи ормонии тамоми халқҳое, ки дар он зиндагӣ доранд ва аз он ба унвони Ватан ифтихор мекунанд. Тоҷикистон  хонаи уммеди чандин ҳазор  тоҷикон аст, ки бо амри тақдир берун аз хоки Ватан зиндагӣ мекунанд. Рушду пешравии кишвари мо мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

          Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қимматтарини зиндагиамон  – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

                 Аъзои фаъоли ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *