Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Вохӯрии вакилон дар маҳаллаҳо

          Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санаи 20-уми октябр дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар минтақаи ҷамоати Ёва вохӯрии вакилони халқи ноҳия, оиди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №431 “Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024” дар ноҳия, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, бо касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани писарону духтароне, ки пас аз синфи 9 муассисаи таълимиро тарк намудаанд, ташкили ҷои нави корӣ, пешгирии камшавии ҷои кор, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани 3-4 ҳосил аз як замин, пешгирии ҷалби шаҳрвандон, ҷавонон,донишҷуён, омӯзгорону устодон ба таълимоти динӣ, иштироки онҳо дар расму оинҳои динӣ ва тақлидкорӣ ба либоси бегона, инчунин ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

     Дар вохурӣ вакили халқии ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Сойча” №28 Анварзода Амирҷон ва вакили халқии ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Камоли Хуҷандӣ”№27  Умаров Содирхон  иштирок ва баромад намуда, оиди масъалаҳои дар боло зикршуда, маърӯза намуданд. Махсусан, оиди масъалаи мубрами рӯз, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо,экстремизму терроризм, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Вакилон кайд намуданд, ки воқеан ҳам хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҷавонон буда, далерию ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари банангу номусро талаб мекунад. Хизмат ба Ватан боиси ифтихору сарбаландии насли ҷавон, муҳимтарин мактаби обутоб дониста шуда, маҳз дар ҳамин мактаб ҷавонписарон шуҷоату ҷавонмардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши инсонӣ дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватани хешро азбар мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *