Ватан сарвати бебаҳост, ноёбтарину азизтарин неъмат аст, ки онро ба ҳеҷ чиз иваз карда намешавад. Ватан сарнавишту қисмати ҳар фарзанд аст,ки аз ибтидо ба бошандагонаш ба мерос гузошта мешавад.Ватандӯсти ҳақиқӣ будан на дар суханҳои зебою ботантана, ваъдаҳои хушку холӣ, балки дар кору фаъолияти ҳамарӯзаи амалӣ, дар гуфтору кирдор ва қавлу вафо,дар кору заҳмати софдилона, дар интизоми намунавию ахлоқи ҳамида, дар кӯшишу талошҳои пайваста баҳри манфиати Ватани маҳбуб ва халқу давлат зоҳир мегардад.
Ҳар яки мо бояд Ватани азизи хешро дӯст дорем.Муҳаббат ва садоқати бепоён ба меҳан, сарафрозӣ аз гузаштаи пурифтихор дошта бошем, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳифз намоем.
Мо бояд дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстиро парвариш намоем. Онҳо дар чунин руҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад. Ҳифз кардани онро барои худ шарафи бузург донанд.Такмили Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва пурзӯр намудани муҳофизати сарҳади давлатии ҷумҳурӣ вазифаи ҷонии ҷавонон аст. Мо ба ҳамаи ҷавонон,махсусан, ба даъватшавандагон муроҷиат намуда, онҳоро даъват менамоем, ки қарзи ватандӯстонаи худро софдилона иҷро намоянд ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шаванд.
Ҷавонони азизу арҷманд! Шумо, ки муҳофизони фардои Ватанед, бояд ҳимояи Ватанро вазифаи фарзандию ҷонии худ бидонед.Ба хизмати сарбозӣ рафтан, барои ҳифзи Модар – Ватан камар бастан, бояд орзуи ҳар як ҷавонписари кишварамон бошад. Саъдии Шерозӣ дар ин маврид барҳақ мефармояд: “ Гар зи ишқи Ватан ҳарф мезанӣ, сарбоз шав!”
Солиева М – мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров