Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Зарурияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон

          

АНДЕША:   Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи муҳими  тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ табдил додани шаҳрванди худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад, ки вазифаи худро дар назди оила, ҷамъият ва давлат дарк ва адо намуда, манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузорад. Дар ҳақиқат дар замони муосир тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад, зеро маҳз онҳо созандагони ояндаи ҷомеа буда, рушду инкишофи минбаъдаи кишвар маҳз аз ҷаҳонбинию ҷаҳонсозии онҳо вобастагӣ дорад.

Ман   ҳамчун    як  зан-модар,  омӯзгор  ин  масъаларо  дар  мадди  аввал гузошта,  ҳамеша  мекӯшам,  ки  ҳам  фарзандам  ва  ҳам  шогирдонамро дар  ин  руҳия  тарбия  намоям.

Имрӯз ман  хело шод ҳастам,  ки фарзанди  ман баъд аз хатми  донишгоҳ  бо хоҳиши  худ  ба  хизмати  Артиши  миллӣ  рафта, сарбаландона қарзи  фарзандӣ  ва  шаҳрвандии худро  адо  намуда  истодааст.

Имрӯз  шароит  дар  қисмҳои  ҳарбӣ  хеле  хуб  аст.  Ман  инро  бо  чашмони  худ  дидам. Фарзандам  ҳам  боре  шикоят  намекунад. Ман  ба тамоми  занону  модарон  муроҷиат  намуда,  гуфтаниям, ки ҳеҷ  гоҳ  монеъ  нашаванд,  ки  фарзандонашон  ба хизмати Модар-Ватан раванд. Онҳоро  дар  руҳияи  ватандӯстиву  меҳанпарастӣ  тарбия  намоянд. 

Мақсадой  Обидова  –  аъзои  фаъоли  ҳизб,  омӯзгори  МТМУ№10

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *