То умр бувад хизмати халқам бикунам,
Аз таҳти дилу ғайрату шавқам бикунам .
Меҳри Ватанам чу меҳри модар бошад,
Ман хизмати ӯ бо ҳама шавқам бикунам.
ёБале, ин буд шиори зиндагии бобоҷони азизу меҳрубонам – иштирокчии ҶБВ Раҳмонов Ҳомидҷон. Дар ҳақиқат, то рӯзҳои охирини умр ба халқу Ватан хизмат карданд, онро обод намуданд… Соли 2010 он касро ба соати тарбиявӣ, ки дар мавзӯи “Қаҳрамонони Ватан” буд, даъват намудам.Баъд аз ба ҷо овардани одоби мулоқот хонандагон дар васфи Ватан, Тоҷикистон, қаҳрамонон ба шеърхонӣ шурӯъ намуданд. Меҳмони олиқадри мо бошанд аз ҷояшон бархестанду дар тахтаи синф се ҷумларо навиштанд:
Ватанро дӯст медорам.
Ватанро обод мекунам.
Ба Ватанам хизмат мекунам.
“- Бачаҳои азиз, ана ҳамин се ҷумларо ман вақте ки хонанда будам, дар назди омӯзгорам навишта, ваъда дода будам, ки аз рӯйи ҳамин амал мекунам. Ба фикрам ваъдаи хилофӣ накардам. Аз қироати шеърҳоятон фаҳмидам, ки Шумоён низ ҷавонони ватандӯст ҳастед ва ҳамеша ба Ватанатон содиқона хизмат намуда, онро боз ободу зеботар мегардонед” ба хонандагон муроҷиат намуда, сӯҳбатро оғоз намуданд.
– Ман Раҳмонов Ҳомидҷон соли 1925 дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадам. Таҳсили ибтидоиро дар мактабҳои №33 ва №1 гирифта, аз сабаби вазнинии шароити оилавӣ ҳамдар колхози “Қизил қаҳрамон” колхозчӣ шуда кор мекардам, ҳам таҳсилро давом медодам.
Соли 1941 Германияи фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ аҳдшиканона ҳуҷум кард. Аз рӯзҳои аввали ҷанг мехостам ба ҷанги
душмани ғаддор равам , аммо синну солам мувофиқ наомад.Танҳо моҳи декабри соли 1942 маро ба армияи амалкунанда даъват мекунанд. Аз моҳи феврали соли 1943 дар ҳайати армияи амалкунандаи фронти якуми Украина дар озодкунии шаҳрҳои Киев, Лвов, Кракови Полша иштирок намудам. Пас ҳамроҳи қисми ҷангии худ аз ағбаи Дукел гузашта, ба озодкунии хоки Чехославия шурӯъ намудем. Рӯзи Ғалаба 9-майро дар Прага пешвоз гирифтем.
Баъди хотимаи ҶБВ то соли 1950 дар Украинаи Ғарбӣ бо боқимондаҳои дастаҳои бендировчиҳо баҳри барқароркунии Ҳокимияти Шӯравӣ ҷангидем.Соли 1950 аз сафи Армия баргашта, ба курси ронандагӣ дохил шуда, касби ронандагиро пеша намудам. То ба нафақа баромаданам дар заводи ширии ш.Хуҷанд ва трести “Тоҷик зеленстрой” ронандагӣ намудам.
Соли 1964 дар ҳаёти ман ду ҳодисаи хотирмон рух медиҳад. Ҳамон сол аз Чехославия хабар меояд, ки барои қаҳрамониҳои ҷангӣ дар ағбаи Дукел бо медали “Ағбаи Дукел” ва барои ҳиссагузорӣ дар азхудкунии Мирзочӯли тоҷик бо “Ифтихорнома”-и фахрии Шӯрои Олии ҶТ мукофотонида шудаам.
Ба фикрам хаста шудед, бобоҷон. Биёёед, каме ман ҳам нақл кунам: Барои қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои ҷангӣ Раҳмонов Ҳомидҷон бо ордени “Шараф” дараҷаи 3, ду медали ҷангии №Барои Шуҷоат” медали “Кори мо дуруст аст, мо ғолиб омадем” ва зиёда аз 10 медалҳои юбилейӣ мукофотонида шуданд. Дар давраи нафақа дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон адои вазифаҳои посбонӣ ва боғбониро ба ӯҳда доштанд. Дарахтони мевадор, гулҳои зебо маҳсули меҳнати бобои гулпарварам ҳаст. . Баъд хонандагон боз саволҳо доданду ҷавоби пурра гирифтанд. Соати тарбиявӣ бо насиҳат ва дуои қаҳрамони ватандӯст ба охир расид.
Аз ин рӯзҳои хотирмон 11 сол гузашт, лек суханон ва симои қаҳрамононаи бобоҷони ордендорам ҳанӯз ҳам дар гӯшам садо медиҳаду дар назарам пайдост.
Бисёр орзу доштанд, ки 65 – солагии Рӯзи Ғалабаро дар Маскав ҷашн гиранд. Ба орзуяшон расиданд. Аз сафар баргаштанду ягон рӯзи холигӣ надоштанд. Ба куҷое, ки даъват мешуданд, рафта маҷлису вохӯриҳоро бо сӯҳбатҳои гармашон гармтар менамуданд. Охирин рӯзе, ки ман бобоямро хурсанд ва ҳам хеле хушҳол дидам ба ҷамъомади “Рӯзи оила”-и ноҳиявӣ даъват шуданашон буд. Ҳамон рӯз ҳамроҳи модаркалону амаки шодравонам бо либосҳои идона гусел намудем. Баъди се рӯзи ин хурсандӣ, яъне 16 майи соли 2010 риштаи умри бобоҷонам канда шуд. Лекин риштаҳои меҳру муҳаббати самимонаашон нисбати пайвандон, қаҳрамониҳои шуҷоатмандонаашон баҳри халқу Ватан ҳеҷ гоҳ канда нахоҳад шуд.
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!
Солиева М. – мудири шуъба занони
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров