Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ЗУҲУРОТИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

Зӯроварӣ дар оила зуҳуроти маъмултарини иҷтимоӣ дар ҳама ҷомеаҳо , сарфи назар аз рушди иқтисодии кишвар , мазҳаби қабулшуда ва забони муошират мебошад. Мутаасифона то ҳол дар миёни ҷомеа чунин ақида боқӣ монда аст,ки зӯроварӣ дар оила “мушкилоти дохилии оила” мебошад. Тоъсир ва оқибатҳои зӯроварӣ дар оила барои ҳамаи аъзоёни оила, ки бо зӯроварӣ алоқаманданд, бениҳоят манфӣ буда, мутаасифона,дар ҷомеа аксар вақт нодида гирифта мешавад.Таҳқиқотҳои гузаронидашуда дар бисёр кишварҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки зӯроварӣ дар оила натанҳо ба буҷои оила, балки ба буҷаи давлатӣ низ талафоти калон мерасонад.

Пешгирии саривақтии зӯроварӣ дар оила натанҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқи мақсад аст, яъне метавонад даҳҳо маротиба маблағҳои буҷаро сарфа кунад, инчунин барои пешгирии оқибатҳои вазнин барои саломатии равонии ҷабрдида ва кӯдаконе, ки муодилаи пулӣ надоранд, кӯмак мекунад.

Оиди ин мавзуъ бахшида ба “16 Рӯзи мубориза алайҳи хушунат” дар МТМУ №41 бо хонандагони синфҳои болоӣ мулоқот доир гардид. Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИВ ҲХДТ Пӯлотова М.А ва намояндаи кумиҷроияи ноҳиявӣ Солиева М.В иштирок ва суханронӣ намуда, ба хонандагон оиди зӯроварӣ дар оилаҳо ва ҳам масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд. Аз хонандагон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳарчи беҳтару хубтар таҳсил намуда, дар оянда фарзандони барӯманди халқу ватани худ гарданд ва соҳиби оилаҳои намунавӣ бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *