Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН –ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИСТ

Имрӯз метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба миён овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд.   Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд. 16-уми ноябри соли 1992 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) баргузор гардид. Дар он вақт танҳо Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи ХVI муайян кард. Шӯрои Олӣ роҳбарияти  нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Маҳз Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Иҷлосияи 16-ум собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.

Иҷлосияи 16-ум масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Ба шарофати роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва бо мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин  бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати  озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шуданд. Эълон шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ   ба тамоми он қувваҳое, ки даъвои дигари идеологиро нисбат ба сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон пеш мегузоштанд, зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда буд. Дунявият ҳамчун иродаи мардум эътироф гардид ва бояд зикр кард, ки ҳамин омил яке аз сабабҳои асосии сар задании ихтилоф дар кишвар маҳсуб меёфт. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ, таъсиси ҳукумат, ки идомаи мантиқии қарорҳои дар Иҷлосияи 16-ум қабулгардида мебошанд, ба устувор намудани пояҳои давлатдорӣ заминаи мустаҳкам гузоштанд.

Рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар  Иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд.

Дурустии роҳи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мамлакат буд, ки сарони давлату парламентҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва аксарияти кишварҳои минтақаю ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рӯзҳои душвортарин моро дастгирӣ карданд ва ба мо кӯмакҳои амаливу беғаразона расониданд. Инчунин, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, хусусан СММ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба мо ҳамеша дасти ёрӣ дароз мекарданд.

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-ум инчунин дар он аст, ки ташаккули идеяи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ маҳз дар ҷараёни он ба миён омада буд. Пайдоиши ин идея худ як зарурияти таърихӣ ба ҳисоб мерафт, ки қодир буд халқи парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ созад. Идеяи ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи ҳазорон сокинони дилозурда ҷой гирифта, заминаи бунёди сулҳро гузорад.

Бояд тазаккур дод,  ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон  оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризояти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Мухимтар аз ҳама ин аст, ки дар ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *