Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Китоб – тарбиятгари  хазинаи  маънавист.

“Эҳтиром ба Ватан, ифтихор ба Тоҷикистони азиз ва дӯст доштани ҳар гӯшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар намудани мазмуни он сарчашма мегирад. Халқи мо аз қадим китобдору китобхон буд ва ин анъанаро бояд ҳифз карда, идома бидиҳем”.

Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳақиқат, чи қадар бузург аст мафҳум ва муҳаббати китоб. Китоб ғамхор  ва ёри ҳар инсони илмдӯсту китобхон аст ва мо бояд онро ҳамчун гавҳараки чашм  ҳифз намоем.

 Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳурӣ 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» ҷашн гирифта мешавад. Албатта ҷашн гирифтани чунин як рӯзи фараҳбахш, бояд басо муҳиму тантанавор бошад. Китоб ин бузургтарин ганҷи бебаҳост, ки он бояд ҳамеша қадру манзаллати хешро дошта бошад.

Дар китоб ҳама асрору таърихи тамаддуни одамият,  илму дониш, маданияту фарҳанг дарҷ гардида, мавриди истифода қарор мегирад. Китоб – неъмати бебаҳо, нерӯи бузурги рушди зеҳнии инсонӣ, роҳбалади асру замон, шиносномаи миллат, табиби ҳозиқ ва зинда нигоҳдорандаи таърихи гузашта ва ояндаи насли башар аст. Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ҳангоми хишти аввали оғози сохтмони «Китобхонаи милли Ҷумҳурии Тоҷикистонро» ифтитоҳ гузоштан қайд намуданд «… Китоб на танҳо сарчашмаи дониш балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст…»

Имрӯз мо бо пайравии бузургонамон бо хондани китоб соҳиби илму дониш мегардем. Зеҳну мафкураи худро қавӣ гардонида дониш ва малакаи касбии худро бой мегардонем. Китоб аниси кунҷи танҳоӣ ва раҳнамоӣ ҳар яки мову шумост. Бо мутоилаи бештари китоб мо илми сухандонию суханварӣ, одобу рафтор ва маданияти худро тақвият мебахшем.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳама бузургони мо аз худ осори гаронбаҳои китобҳоро гузоштаанд, ки то ба имрӯз ба дасти мо омада расидааст. Имрӯз мо аз забони шевоӣ Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову ҷомӣ, Хайёму Мавлавӣ ва дигарон тавассути китоб ҳарф мезанем, осори онҳоро варақгардон намуда аз панду андарзҳои бузургони хеш баҳравар мегардем. Дар навиштаҳои бузургонамон омадааст, ки чи тавр онҳо ҷидду ҷаҳд ва кӯшиш ба харҷ медоданд, ки китоберо дарёб намуда аз он сабақ омӯзанд. Бо чи қадар азобу заҳматҳо барои истифода намудани китобе ба китобхонаҳо иҷозати вуруд мегаштанд. Шабу рӯз китоб мутоила менамуданд. Аз дасти аҷнабиёни онвақта ҳатто пинҳонӣ китоб мехонданд. То дами пирии хеш бо мутоилаи китоб ин ҷаҳони фониро падруд гуфтаанд… Аз дасти душманони миллату ватан китобу китобхонаҳои бузург оташ зада шуд. Донишмандони бузургро, ки ба навиштани китобу паҳн намудани он машғул буданд ба қатл расонидаанд.

Имрӯзҳо бо ташаббус ва ғамхориҳои Роҳбари давлат  дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Институти шарқшиносӣ ва мероси хатии ниёгонамон дастхатҳои бузурги осори ниёгонамон ба маҳфуз гузошта шудааст, ки аз он донишҷӯён, олимон, зиёиён ва ғайри толибилмони табақаҳои гуногуни кишвар мавриди истифода қарор медиҳанд.

Аз ин лиҳоз мо бояд шукрона  кунем, ки имрӯз шароити олӣ барои  қироати  китобҳои  нодир  дорем ва  истифода аз ин фурсатҳои мувофиқ илм омӯзем, дониши худро сайқал дода, аз китобхонаҳои кишвар фаровон  истифода барем.

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи  замона  ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ дар гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате  ҳасту ҳаргиз  озоре нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *