Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Конференсияи XXXII – уми ғайринавбатии КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Санаи 08 апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Конференсияи XXXII – уми ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар кори конференсияи XXXII ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мансурӣ Замирахон, муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Турсунзода Дилоромхон иштирок карданд.

Аз рӯи масъалаи рӯзномаи конференсия «Пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халыи вилояти Суғд аз ҳавзаҳои интихоботии «Ҳайдар Усмонов» №66, «Домулло Азизов» №64, ба вакили Маҷлиси вакилони халыи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳавзаҳои интихоботии «Дӯстии халыҳо» №3 ва «Ҳавзак» №9 ба ҷои вакилони хориҷшуда», Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода баромад карда таклиф намуд, ки ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Ҳайдар Усмонов» №66 ба ҷои вакили хориҷшуда, номзадии Зоҳидзода Даврони Абдуқодир – муовини Раиси вилояти Суғд, ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Домулло Азизов» №64 ба ҷои вакили хориҷшуда, номзадии Қурбони Алимардон –директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳавзаи интихоботии «Дӯстии халқҳо» №3 ба ҷои вакили хориҷшуда, номзадии Қосимова Малика Султоновна – менеҷери шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳавзаи интихоботии «Ҳавзак» №9 ба ҷои вакили хориҷшуда, номзадии Ҳомидзода Фаридун Фурқат – муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешбарӣ карда шуданд.

Вакилон ин таклифро дастгирӣ намуданд.

Сипас, вакили конференсия Солиева Муяссар Валиевна ҳозиринро бо маълумотнома оиди фаъолияти номзадҳо шинос намуд.

Конференсия оид ба ин масъала ыарор ыабул кард ва бо ҳамин ба кори конференсияи XXXII ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хотима бахшида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *