Бо мақсади баррасии нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат бо иштироки мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоил корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ баргузор гардид.
Дар ҳақиқат, меҳвар ва муҳтавои ҳама паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро азми қавӣ, нияти нек, роҳ ба суйи фардои дурахшон, созандагию ободонӣ ва таҳрик баҳри рушди тамоми соҳаҳо ташкил медиҳанд.
Сарвари давлат дар паёмҳои хеш соҳаи маорифро омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ ва наҷоти миллат номида, тӯли солҳои истиқлоли давлатӣ мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони он, сатҳу сифати донишандӯзии муҳассилин дар ҳама зинаҳои таҳсил таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки ҳамчунин Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди илму маърифат таваҷҷуҳ намуда, иброз намуданд, ки “Ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат”,”Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи сифатнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад”.
Инчунин, дар рафти мулоқот оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷалби онҳо ба илму ҳунаромӯзӣ,даъвати ҷавонписарон ба хизмати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд.
Дар охир,аз ҷавонони даврони истиқлолият даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва бо такяву илҳом аз ҳидоятномаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талош намуда, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон ҳиссаи босазои хешро гузоранд.