Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Корҳои тарғиботӣ оиди пешгирии амалҳои номатлуб

Бо мақсади татбиқи дастуру  супориши Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси  муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров мулоқоту вохӯриҳоро  оид ба пешгирии шомилшавии  ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мунтазам дар байни ҷавонону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монд.

     Чунин мулоқот  имрӯз дар ТИ маҳаллаи Сангин Ҳоҷӣ дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо” гузаронида шуд. Баромадкунанда  дар баромади худ зикр намуд, ки воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосӣ, ки ба амнияти миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин идома ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ ва терористӣ, ба шумор рафта, раванди мазкур ба оромии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, пойдории сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангтарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи кураи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *