Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Маърифати оиладорӣ

                                      

Масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, пойдор будани фазои якдигарфаҳмӣ дар оила, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва роҳ надодан ба ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб, хушунату зӯроварӣ дар оила  тасмим гирифтанд,ки маҳфили тарибиявиро  таҳти унвони “Оилаи солим –ҷомеаи солим”  дар оилаи намунавию беҳтарини ноҳия бо иштироки насли ҷавон  роҳандозӣ намоянд. 

Ин маҳфили дар арафаи Рӯзи оила ва моҳвораи ҷавонон дар хонаводаи зани фариштахӯ, инсони асил, собиқадори ҳизбу меҳнат Қосимова Шоира Раҳбаровна  баргузор гардид.

Зимни мулоқот қаҳрамони маҳфил бобати нозукиҳои оилаву оиладорӣ ҳарф зада, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки таҳаммулпазириро бештар пешаи худ дар зиндагӣ намоянд, эҳтироми худ ва атрофиёнро ба хубӣ ба ҷо оранд ва сарфакору сариштакор бошанд. Ҳамчунин  аз ҳаёти ибратбахши хеш мисолҳо оварда,  таъкид кард, ки оила барпо кардану онро вайрон кардан чандон душвор нест. Вале оиларо солиму пойдор нигоҳ доштан заҳмати дандоншикан аст. Тақдиру қисмати одам дар бисёр маврид ба худи ӯ вобаста аст: агар хоҳад , ба хушбахтӣ мерасад, вагарна баръакс.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *