Чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст, тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки аз 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, чорабиниҳои идона ташкил гардида истодааст.
Ҳамин гуна чорабинии идона дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи ноҳиявии №2 баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, номзади илми филология, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ- Бобоева Зеварой, мудири шуъбаи занҳои КИ ҲХДТ дар ноҳия – Солиева Муяссара иштирок ва суханронӣ намуданд
Чорабиниро муовини раиси ташкилот Исмоилова Г ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо ҷашнҳои дар пеш истода табрик намуданд. Сипас раиси ташкилоти ибтидоӣ – Баротов И хизматҳои шоёни Пешвои миллат суханронӣ намуданд.
Инчунин, Бобоева Зеварой оиди Рӯзи Президент маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, дар бораи барқароркунӣ ва пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон ва рушду нумуи он сухан ронда, ҳамагонро бо ин ҷашни Рӯзи Президент табрик гуфтанд. Дар охир Солиева М низ суханронӣ намуда, аҳли нишастро аз номи раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ – Анварзода Амирҷон самимона табрик намуда, сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 17 нафар аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаи ҳизбӣ супориданд.