Рубрики
Асосӣ

Бобоҷон Ғафуров: Мулоқоти Судманд

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки дар доираи сафари навбатии кориашон ҳангоми мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо иброз доштанд ва ҳамчунин вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар машварати корӣ бо фаъолони вилоят, мулоқоту вохӯриҳои грӯҳи таблиғотии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 25 апрели соли 2022 дар Қасри маданияти ҷамоати деҳоти Унҷӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Моҳира Раҳимзода – аъзои гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Акбарзода Маъруф – роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия ва Акбархӯҷаева Сайёра – раиси ҷамоати деҳоти Унҷӣ иштирок намуда, оид ба истифодаи самараноки замин, пешгирии болоравии нархи  ниёзи маҳсулоти аввал, таъсири манфии омилҳои беруна вобаста ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, таҳкими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Сипас, иштирокчиён ибрози андеша намуда, баён доштанд, ки баҳри ободии диёр ва дар амал тадбиқ намудани ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *