Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Наврӯзи хуҷастапай ба Тоҷикистон омад!

    Ба диёри биҳиштосои мо боз Наврӯзи хуҷастапай омад. Наврӯз  яке аз қадимтарин идҳои   тоҷикон ба шумор меравад. Наврӯз ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ  нуру зиё бахшида, файзу баракат эҳдо месазад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор  ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.

  Имрӯзҳо мардуми шарафманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шукргузорӣ аз даврони осоишта, бо шодиву сурури хоса Наврӯзи оламафрӯз- ҷашни бузурги ҷамшедиро таҷлил менамоянд.Таърихи 21- уми марти соли ҷорӣ чарабинии бошукӯҳи ноҳиявӣ дар варзишгоҳи ҷамоати деҳоти Хистеварз баргузор гардид. Ба хотири гиромидошт ва эҳёи анъанаҳои милливу ҳунарҳои волои аҷдодӣ хаймаву растаҳои ҳунару ҳунармандон ташкил карда, намоиши анъанавии  истиқболи Наврӯз – омода намудани таому хӯришҳои болаззати баҳорӣ, ороиши дастархону суманакпазӣ , баргузории тӯйи арӯсиву маросимҳои гаҳворабандон, келинсалом табъи  меҳмонон ва ширкатдорони чорабиниро болида гардониданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *