Сарсабзу гулфишон шуд то навбаҳори Ваҳдат,
Овозаи ҷаҳон шуд номи диёри Ваҳдат.
Озодӣ аз муҳаббат, ободӣ аз садоқат,
Авҷу барори мо шуд, авҷу барори Ваҳдат.
МАҚОЛА: Мардуми шарафманди Тоҷикистон имсол 25-солагии Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Ҷашни Ваҳдати миллӣ , ки аз имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва муросои миллӣ маншаъ мегирад, барои насли имрӯзу фардо чун иди муқаддаси миллии тоҷикон боқӣ хоҳад монд. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон , Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Ҷашни Ваҳдат пайғоми оштии ҷовидонаи миллати мо барои садсолаҳои минбаъда ва наслҳои оянда хоҳад монд”.Рӯзи Ваҳдати миллӣ асос ба ояндаи дурахшони халқи тоҷик, худогоҳиву худшиносии миллӣ, оғози пешравиҳову пирӯзиҳо дар ҳама соҳаҳои халқи кишвар аст. Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ , таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, мамлакати офтобии моро рӯ ба шукуфоиву пешравиҳо овард. Ин воқеияти хоси таърихи тоҷикон 27 июни соли 1997 ба вуқӯъ пайваст. Дар ин фархундарӯз тоҷикон боз ба як санҷиши сангину фоҷиабори таърих бархӯрда , пас аз ихтилофоти музокироти бардавом ниҳоят бо дарки асли воқеият расидаанд, боз якдилу якмаром гаштаанд, ҳамдигарро самимона ба оғӯш кашидаанд ва зери созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзои муборак гузоштанд.
Имрӯз Ваҳдати халқи тоҷик хеле устувору нерӯманд ва шикастнопазир гаштааст, ки дар ин радиф саҳми ҲХДТ низ назаррас аст. ҲХДТ тамоми нерӯ ва имконоти худро ба ҳифзи фазои солими сиёсӣ , гуногунандешӣ, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни ҳизбҳо, гурӯҳҳо ва табақаҳои гуногуни ҷомеа равона месозад. ҲХДТ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳанги ваҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояи миллии “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо” саъю талош менамояд.
Солиева М – мудири шуъбаи занони
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров