Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ОИЛА ВА НИКОХ

     Агар ба таърихи инсоният нигоҳ кунем, ҳар як инсон дар оила ба дунё омада, ба воя мерасад.

     Оила барои ҳар як шахс сарчашма барои рушди минбаъдаи ӯст. Бинобар ин дар байни ҳамаи чизҳои ҳаёти инсонӣ муҳимтарин ин оила мебошад.

      Ба вуҷуд омадани давлат низ аз оила оғоз мегардад. Аз ин ҷиҳат аз давраҳои қадим оила барпо намудан аз суннати деринаи иҷтимоист. Оила ячейкаи давлат мебошад ва рушди асосии ҳаёт аст.

     Дар хона зану мард асоси оилаанд. Онҳо монанди ду табақи дари хонаанд, ки хонаро аз ҳама чиз, аз гармиву сардиҳои ҳаёт нигоҳ медоранд. Хушбахтии зану шавҳар дар ҳамдигарфаҳмиву эҳтиром аст.

      Дар тавлиди оила никоҳ асоси он маҳсуб меёбад. Ҳам дини ислом ва ҳам қонунҳои давлат аз қайди никоҳ гузаштанро ҳатмӣ медонанд.

      Аммо сад афсӯс, ки ҳоло ҳам баъзе аз оилаҳо бе қайди ақди никоҳ оила барпо мекунанд, ки зидди қонуни давлат аст. Қонуни давлат бояд ҳамеша риоя карда шавад, зеро маҳз қонун ҳимоятгари ҳар як инсон аст.

     Бадтар агар ин гуна оилаҳо пош хӯранд, вақто ба мақомотҳои лозима барои ҳуқуқи фарзандонашон муроҷиат менамоянд, қонун ҳуқуқи онҳо ва фарзандони онҳоро чӣ тавр ҳимоя намояд? Охир онҳо расман аз рӯи қонун аз қайди никоҳ нагузаштаанд. Агар пурсед мегӯянд, ки мо никоҳи мусалмонӣ карда будем. Лекин ин барои барпо намудани оила ва мустаҳкамии он кифоя намекунад. Бояд ҳар як оила, ки асоси давлат аст аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштанаш лозим. Зеро аз оила ҷамъият сар мешавад. Он сарчашмаи муқаддастарини  ҳаёт, мактаби ҳаёт ва асоси рушди ҷамъияту давлат аст. Аз ин лиҳоз мо бояд кушиш кунем, ки оилаҳо солим бошанд ва хушбахтона умр ба сар бурда фарзандони аз ҷиҳати руҳи солим, меҳнатдӯст, ватанпарвар, умуман дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ доштаро тарбия намоянд.

      Албатта дар оила муаммоҳои гуногуни ҳаёт зиёданд. Ба ҳамаи проблемаҳо ҳамдигарфаҳмӣ намуда, оромона ҳурмату эҳтироми тарафайнро нигоҳ дошта, ҳал намуд. Ин эҳтиром ба фарзандон таъсири худро мегузорад ва минбаъд онҳо низ дар оиладорӣ чунин хоҳанд буд.

Мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо-и КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муҳаммадчонова М.У

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *