Оила мазҳарест, ки инсон дар он ба дунё меояд, ба камол мерасад ва рӯзе худаш оила барпо менамояд. Оила муҳимтарин низоми ҷамъият аст. Оила бояд мактаби худогоҳӣ, худшиносӣ ва ватандӯстию инсондӯстӣ барин хислатҳои неки инсонӣ бошад. Бояд донист, ки муҳимтарин вазифаи оила таъмини хушбахтии аҳли хонавода ва тарбияи шоистаи фарзандон мебошад. Дар ҳақиқат оила саодати зиндагӣ ва пойдевори ҷамъият мебошад, зеро аввалин таҳкурсии тарбия дар оила гузошта мешавад.Мактаб дар тарбияи насли наврас нақши аввалиндараҷаро бозад ҳам,вале таҷрибаи ҳаётиро ба кӯдак оила медиҳад.Хислат ва симои маънавии фарзанд маҳз дар оила ташаккул меёбад. Оиди ин мавзӯъ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар маҳфили тарбиявие, ки бахшида ба Рӯзи оила дар маҳаллаи Даштаки ҷамоати деҳоти Унҷӣ ташкил гардид, фикру мулоҳизаронӣ карда шуд.
Дар ин чорабинӣ котиби масъули нашрияи “Сухани халқ” – Моҳира Раҳимзода, мутахассиси шуъбаи занони КИВ ҲХДТ – Мирзохоҷаева Азиза, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Ӯғулой Ҳоҷибоева, Мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ – Солиева М, мутахассиси пешбари ҷамоат оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Расулова М, занони фаъоли маҳалла иштирок намуданд.
Нахуст, раиси шӯрои занони маҳалла Ашӯрова Д, мақсади баргузории чорабиниро шарҳ дод. Собиқадори ҳизбу меҳнат Турсунова Дилбар оид ба маърифати оиладорӣ бо ҷавонон суҳбат намуданд. Аз тарафи хонандагони Гимназияи №2 саҳначаи тарбиявӣ намоиш дода шуда, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Пирони рӯзгордида, аз ҳаёти оиладории худ ба ҷавонон нақл карда, даъват ба амал оварданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳое, ки имрӯз давлату Ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон мекунанд, хонанд, илму ҳунар омӯзанд ва ба Ватани хеш хизмат намоянд.