Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ОМОДА НАМУДАНИ ҶАВОНОН БА ҲАЁТИ ОИЛАДОРӢ

Аксари олимони соҳаи ҷомеашиносӣ бар он ақидаанд, ки омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилави – маҷмӯи талаботи ахлоқии ҷомеа буда, мақсади асоси ташаккули фаҳмишу ҳиссиёти хонаводагӣ ва ба роҳи мустақилонаи ҳаёт ҳидоят намудани онҳост.

Ба ин маъни, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона яке аз муҳимтарин корҳое мебошад, ки барои бунёди оилаи пойдор зарур аст.

Барои бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда, расидан ба комёбиҳо ва бартараф кар дани мушкилиҳо ба навхонадорон зарур аст, ки маърифати комил, омодагии ҷиддии равонию ҷисмонӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ дошта бошанд. Бо вуҷуди он ки синну соли никоҳи дар Тоҷикистон аз 18-солагӣ муқаррар шудааст, таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештари навхонадорон дар ин синну сол ба ҳаёти оилавӣ омода нестанд.

Чунончи, дар аксари ҳолатҳо бар асари ташвиши зиндагӣ ва ба ҳам мувофиқ наомадани фикру ақидаҳо зан ё шавҳари ҷавон таҳсилро дар муассисаҳои таълими қатъ мекунад ва аз омӯхтани илмҳои муосир бебаҳра мемонад, ки ин минбаъд ба тарбияи фарзанд, маърифати шахсӣ ва пеш бурдани зиндагӣ таъсири манфӣ мерасонад ё монеаҳои дигар эҷод мекунад.

Айни замон дар ҷомеа бештари падару модарон бо ҳар сабаб фарзанди 18-19-солаашонро хонадор мекунанд.  Албатта,  дар ин синну сол барпо кардани оиларо қонунгузории мамлакат иҷозат медиҳад, аммо таҷрибаи рӯзгор нишон медиҳад, ки аксари ҳолатҳои вайроншавии оилаҳо ба бармаҳал оиладор кардани ҷавонон, омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона,  никоҳи хешутаборӣ, вобастагии молиявӣ ба волидон, ба муҳоҷирати меҳнати рафтани шавҳарҳо, дахолати хешовандони наздик ва хушунати оилавӣ вобаста мебошад. Вайроншавии оилаҳо боиси афзудани теъдоди кӯдакони беназорат мегардад, ки аксари онхо оқибат ба оворагардӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб машғул мешаванд.                     Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Абдуллоев С

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *