Рубрики
Асосӣ Мақола

Бобоҷон Ғафуров: Паёми табрикотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ муборакбод мегӯяд. Барояшон тансиҳатӣ, саодати умр, рӯзгори ободу осуда, дар фаъолияти босамару пурмасъулияташон баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузориашон дар эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ комёбиҳои тоза ба тозаро таманно менамояд.

      Боиси қаноатмандӣ аст, ки кормандони ин мақомот вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти давлат, пешгирии амалҳои террористӣ, таҳрибкорӣ ва дигар сӯиқасдҳои ҷинояткоронаи махсусан хавфнок, мубориза алайҳи ҷиноятҳои терроризму экстремизм ва муташаккили байналмиллалӣ гузошташударо сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

      Ҷоннисориву талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот дар ин ҷодаи пуршараф аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарӯзии Шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сипосгузор аст ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ин ҷасорату фидокории шуморо дар роҳи дифои манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша баланд қадрдонӣ мекунад».

     Итминони комил дорам, ки чунин эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи Шумо, кормандони амният, рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

     Бори дигар ба роҳбарият, кормандон ва собиқадорони ин соҳа тансиҳатӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, пирӯзиҳои рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд комёбиҳо орзумандем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *