Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ПАЁМ – РОҲКУШОИ НАҚШАҲОИ ОЯНДАИ МОСТ.

Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат имрӯзҳо мулоқоту вохӯриҳои  дар ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ бомаром ҷараён дорад.

       Дар толори ҷамоати деҳоти Ғозиён   мулоқоти байни кормандон  ва фаъолони ҷамоат  баргузор гардид.

   Мулоқотро бо суханҳои ифтитоҳӣ раиси ҷамоат Умаров М. ҳусни оғоз бахшида, нахуст дар бораи Паёми солонаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва паҳлӯҳои асосии он дар фаъолияти тамоми соҳаҳо гуфта  гузашт.

     Сипас Усмонова Ш. оид ба дастуру супоришоти дар Паём ироагардидаи Роҳбари давлат  бо шарҳу тавзеҳот ва таҳлилҳои оморӣ маълумоти муфассаал дод. Қайд карда шуд, ки дар Паёми сарвари давлат асосан ғамхорӣ ба самти иҷтимоии кишвар, маорифу тандурустӣ, нафақаи пиронсолону маъюбон, таъминот бо ҷои корӣ тавассути таъсиси корхонаҳои саноатӣ, кам гардидани сатҳи камбизоатӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа дар панҷ соли охир мавриди таълилу баррасии мӯҳтарам Пешвои миллат қарор гирифт.

     Раиси ҷамоат ҳамчунин ба тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати иҷрои дастурҳои созандаи дар Паём ироанамудаи Пешвои миллат супоришҳо дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *